Иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар Форуми тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея

    Санаи 19 июни соли 2023 роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” дар Форуми тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд. Дар ин Форум аз Ҷумҳурии Корея иштирок дошатанд ва суханрони намуданд:  Сафири Ҷумҳурии Корея – Квон Донгсеок, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея – Ҷу Хён Баек, намояндаи КОТРА ИДМ – Ким Сунг Су ва сармоягузорону намояндагони корхонаҳои Ҷумҳурии Корея, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок доштан ва суханрони намуданд: Вазири саноат ва технологияҳои нав – Шералӣ Кабир, Вазири кишоварзӣ – Ҳакимзода Қурбон,  Вазири энергетика ва захираҳои об – Далер Ҷумъа, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Муминзод Камолиддин, роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар намояндагону сармоягузорони ҷумҳурӣ.

    Аз ҷониби ҳар ду тараф оиди имкониятҳои сармоягузори суханрони карда шуд ва роликҳои таблиғоти намоиш дода шуд. Баъд аз суханрониҳо байни сармогузорони ду ҷониб вохуриҳои В2В баргузор кардашуд.

    Намояндагони Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо якчанд сарморягузорони Кореяги гуфтушунид ва вохури гузаронида шуд, аз ҷумла: бо намояндаи ширкати логистикии  Woojin Global Logitics – Kang Sukjoong ,  ва ширкати логистикии  Lotte Global Logitics KZ Branch  –  Son Jin Man  вохурихои  дучониба  баргузор карда  шуд.   Дар рафти вохури намояндагони   ин ширкатхои  логистики  оиди  МОИ “Панч” маълумоти  мухтасар  гирифтанд.  Аз тарафи намояндагони Маъмурияти МОИ “Панҷ”  пешниход гардид, ки  бинобар сабаби   дар назди сархад чойгир будани  МОИ “Панҷ”   маркази хизматрасонии логистики  ташкил карда  шавад.  Намояндагони  харду ширкат  хам  пешниходро  хуб  пазируфта  изҳор намуданд, ки  дар  оянда  баъди  омузиши   ҳаматарафа  барои   ташкил кардани маркази логистики  дар  МОИ “Панҷ”    нақшаҳои  худро пешниход  менамоянд.