Иштироки роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар вохурии тиҷоратии байни корхонаву ширкатҳои истеҳсокунандагони молу маҳсулоти гуногуни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар нимаи дуюми санаи 19 июни соли 2023 роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” дар вохурии тиҷоратии байни корхонаву ширкатҳои истеҳсокунандагони молу маҳсулоти гуногуни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд. Дар ин вохурии тиҷоратӣ аз ҷониби Федератсияи Россия иштирок дошатанд ва суханрони намуданд:  муовини Вазири рушди иқтисод – Дмитрий Валеревич Волвач, Раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Русия – Ислам Замирович Назаралиев, олимону академикҳои  соҳаи тиҷорат ва сармоягузорону намояндагони корхонаҳои истеҳсолии Федератсияи Русия, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок доштан ва суханрони намуданд: Раиси Кумитаи давлатӣ сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  – Қодирзода Саъдӣ, Раиси палатаи савдо ва саноатӣ  – Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон ва дигар намояндагону сармоягузорони ҷумҳурӣ.

   Аз ҷониби ҳар ду тараф оиди имкониятҳои сармоягузори суханрони карда  роликҳои таблиғоти низ намоиш дода шуд. Баъд аз суханрониҳо байни сармогузорони ду ҷониб якчанд Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шуд.