Вохурии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо Роҳбари Ширкати сохтмонии “Ғарҷистон”, намояндаи Палатаи савдои Афғонистон ва раиси Парки саноатии “Синои Сабз” – Амири Моҳаммад Моҳсин

Дар санаи 12 майи соли 2023  Роҳбари Ширкати сохтмонии “Ғарҷистон”, намояндаи Палатаи савдои Афғонистон ва раиси Парки саноатии “Синои Сабз” – Амири Моҳаммад Моҳсин аз Маъмурияти МОИ “Панҷ” дидан намуд.

Намояндаи Роҳбари Ширкати мазкур аз минтақа дидан намуда аз рафти кори субъектҳои МОИ шинос шуданд.

Дар рафти вохури роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонун “дар бораи  минтақаи озоди  иқтисодӣ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии  минтақа маълумоти муфасал  ахборот дода шуд ва инчунин ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифт.

Аз тарафи Маъмурияти МОИ “Панҷ” ва Амири Моҳаммад Моҳсин алакай Ёддошти Тафоҳум оиди сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли макарон, шириниҳои гуногун ва коркарди санги Талк дар МОИ “Панҷ” ба имзо расонида шудааст, ки маблағи 700 ҳаз. доллари ШМА-ро ташкил медиҳад.

 Ҳамзамон, Амири Моҳаммад Моҳсин иброз намуданд, ки лоиҳаҳои сармоягузориро алакай омода намудаанд, ва мехоҳанд худро ҳамчун суъбектти МОИ ба қайд гиранд.

Аз тарафи роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” хоҳиши Амири Моҳаммад Моҳсин ҳаматарафа ҷонибдори гардида ва мактуб ба Бахши бақайдгирии андози ноҳияи Ҷайҳун барои ба қайд гирифтани Ширкати  “Умеди Сабз” равона карда шуд.