Вохурии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо намоядаи Ширкати Ваҳдат Техтайли Ҷумҳурии Исломии Покистон

Дар санаи 14 июни соли 2023  намоядаи Ширкати Ваҳдат Техтайли Ҷумҳурии Исломии Покистон  – Заҳир Гилони аз Маъмурияти МОИ “Панҷ” дидан намуд.

Намояндаи Ширкати мазкур аз минтақа дидан намуда аз рафти кори субъектҳои МОИ шинос шуданд.

Дар рафти вохури роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонун “дар бораи  минтақаи озоди  иқтисодӣ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии  минтақа маълумоти муфасал  ахборот дода шуд ва инчунин ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифт.

Ҳамзамон,  намоядаи  Ширкати Ваҳдат Техтайли Ҷумҳурии Исломии Покистон  – Заҳир Гилони ҳавасманди зоҳир намуда, иброз доштанд, ки корхонаи коркарди пахта, истеҳсоли риштаю каллоба, маттоҳо,  рангуборкуни ва истеҳсоли  духти либосу шимҳои кудаконаро дар МОИ “Панҷ” ба роҳ хоҳад монд.

Намояндаи  Ширкати мазкур иброз намуданд, ки алакай оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба саҳмиядорони Ширкати Ваҳдат Техтайли дар Ҷумҳурии Исломии Покистонбуда маводҳо равона карда шудааст, ва баъди дақиқ омухтан ҷавоб тариқи хатти равона карда мешавад.