Вохурии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо намоядаи Ширкати “Да Фу” Ҷумҳурии Мардумии Чин

Дар санаи 07 июни соли 2023  намоядаи  Ширкати “Да Фу”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин – Джек Чан аз Маъмурияти МОИ “Панҷ” дидан намуд.

Намояндаи Ширкати мазкур аз минтақа дидан намуда аз рафти кори субъектҳои МОИ шинос шуданд.

Дар рафти вохури роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонун “дар бораи  минтақаи озоди  иқтисодӣ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии  минтақа маълумоти муфасал  ахборот дода шуд ва инчунин ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифт.

Ҳамзамон,  намоядаи  Ширкати “Да Фу”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин – Джек Чан ҳавасманди зоҳир намуда, иброз доштанд, ки корхонаи банду баст ва истеҳсоли маводҳои кимиёвии шустушуи ва тиббиро дар МОИ “Панҷ” ба роҳ хоҳад монд.

Намояндаи  Ширкати мазкур ваъда доданд, ки лоиҳаи сармоягузории худро тарҷума намуда, ба Маъмурияти МОИ «Панҷ»  пешниҳод менамояд.