Ташрифи Муовини Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Файзуллозода Заробиддин Қудрат ва Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода аз Минтаќаи озоди иќтисодии «Панҷ»

Дар санаи 13 июни 2023 сол, муовини Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Файзуллозода Заробиддин Қудрат ва Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз мувофиқи супориши раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», дидан намуданд.

Мақсади ташриф овардани меҳмонон ин шинос шудан бо вазъи кунунии МОИ, дидан намудан аз рафти кори субъектҳои МОИ ва ҳалли муаммоҳое, ки Маъмурияти МОИ ва субъктҳои МОИ дучор шудаанд.

Дар ҷаласаи доиргардида роҳбарияти Маъмурияти МОИ ва роҳбарони субъектҳои МОИ оиди дучор шудан ба мушкили оиди даъвати сармоягузорон ва мутахассисони аз хориҷа даъватшуда, ки барои пешбурди кори истеҳсолотии субъектҳои МОИ роҳи муҳимро мебозад, суханрони намуданд.

Ва инчунин, мушкилот дар вақти бақайдгирии сармоягузорони муроҷиаткунанда ба Бахши бақайдгирии андози ноҳияи Ҷайҳун.

Дар ҳолати ба мувофиқа омадан бо сармоягузор, ки мехоҳад дар МОИ “Панҷ” корхонаи саноатии худро ба роҳ монад, ва ширкати худро ҳамчун субъекти  МОИ дар Маъмурияти МОИ “Панҷ”  ба қайд гирад.

Маъмурияти МОИ “Панҷ” барои ба қайд гирифтани соҳибкор ба Бахши бақайдгирии андози ноҳияи Ҷайҳун  муроҷиат мекунад. Дар вақти бақайдгири дар муддати 3-10 рузе, ки қонунгузориҳои амалкунанда барои бақайдгири муайян намудааст, бояд ба қайд гирифта шаванд. Лек бо сабабҳои номаълум муддати бақайдгирии муроҷиаткунанда аз як моҳ то се моҳ тул мекашад. Чунин тарзи рафтори бархе аз кормандони вазорату идораҳои дахлдор саъди роҳи рушди МОИ “Панҷ”, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, ба роҳ мондани корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ  гашта истодааст.

Аз тарафи муовини Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Файзуллозода З. Қ ва Раси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода А. қайд карда шуд, ки муроҷиати Маъмурияти МОИ “Панҷ” ва субъектҳои МОИ ба Раиси вилоят ва дигар мақомотҳо расонида мешавад, ва дар муддати кутоҳтарин ин муаммоҳо бартараф када мешаванд.