Сафари Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” Мумин Илҳом бо ҳайати кории вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба устони Хуросони Разавии Эрон.

Санаи 14 майи соли 2023 роҳбари МОИ “Панҷ” Мумин И.К бо ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид, як қатор раисону шаҳру ноҳияҳои вилот, роҳбарони МОИ вилоят ва сармоягузорони вилоят ба устони Хуросони Разавии Эрон сафари кори ба анҷом расонидем.

Субҳи 15 май ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид вориди вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид.

Раисони қисме аз шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони 3 минтақаҳои озоди иқтисодии вилоят ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Хатлон шомили ҳайати мазкур мебошанд.

 Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, фарҳангиву сайёҳӣ, табодули таҷриба ва рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, роҳандозии робитаҳои мустақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумлаи ҳадафҳои ин сафар арзёбӣ мешавад.

Дар доираи ин сафар мулоқот ва боздид аз шаҳракҳои саноатӣ ва маконҳои кишоварзии Тӯс, Нишопур ва Сарахс, инчунин баргузории форуми тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Хатлону Хуросони Разавӣ ва гуфтугӯҳои инфиродии ширкатҳои тиҷоратии ҳар ду тараф дар шаҳри Машҳад пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки расо як сол пеш, 30 майи соли 2022, дар шаҳри Душанбе дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ ба имзо расида буд.

Ҳайати роҳбарият ва соҳибкорони вилояти Хатлон ҳамчунин дар ду гурӯҳ — яке кишоварзӣ бо роҳбарии муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода ва дигаре саноат бо роҳбарии раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ, аз маконҳои кишоварзии шаҳри Тӯс ва шаҳракҳои саноатӣ дидан намуданд.

Дар нимаи аввали рӯзи 15 май дар доираи сафари ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Хуросони Разавии Эрон боздид аз шаҳракҳои саноатӣ ва маконҳои кишоварзии Туз дидан намуда бо истеҳсоли якчанд корхонаҳои саноатӣ шинос шуда бо роҳбарони онҳо ҳамсуҳбат шудем, аз ҷумла: корхонаи коркарди пахта, корхонаи ресмонбарори,  корхонаи истеҳсоли маттоҳои гуногун ва рангуборкуни онҳо, корхонаи духти халатҳо, саҷҷоқҳо, руймолҳо, куртаҳои гуногуни занона ва мардрона ва ғр.

Нимаи дуюми рӯзи 15 май бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамчунин аз ҳолдинги “Гуҳар”, ки аз ҷумлаи бузургтарин ширкатҳои тиҷоратии Эрон мебошад, дидан намудем. Роҳбарияти ширкати мазкур ҳайати Хатлонро истиқбол гирифта, ба сайри шиносоии корхонаи “Гуҳар Дона Шарқ” даъват кард. Иттилоъ дода шуд, ки ҳолдинги “Гуҳар” аз 14 корхона, аз ҷумла “Гуҳар Таробар Шарқ”, “Гуҳар Коло Шарқ”, “Гуҳар Мукамел Шарқ”, “Гуҳар Тиҷорат Шарқ”, “Гуҳар бол Шарқ”, “Гуҳар Мокиён Шарқ”, “Гуҳар Протеин Шарқ” ва ғайра иборат аст. Корхонаҳои холдинг ба истеҳсоли намудҳои гуногуни хӯроки чорво, гӯшти паранда ва дигар навъи маҳсулот сарукор доранд. Дар ин корхона наздик ба ҳазор нафар фаъолият мекунанд, ки дар миёнашон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳастанд.

Рӯзи 16 май дар доираи сафари ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Хуросони Разавии Эрон боздид аз минтақаи озоди иқтисодии “Сарахс”, ки масоҳаташ 5200 гектарро ташкил медиҳад ва қариб 2000 ҳазор ширкатҳо дар он ҷо ба қайд гирифта шуда кору фаъолияти худро пеш мебаранд, аз ҷумла; ширкатҳои логисти, ширкатҳои коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни нафти, ширкатҳои коркарди сангҳои куҳи ва ороиши, корхонаҳои истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан ва газдор, корхонаи истеҳсоли шарбатҳои гуногун аз меваҷотҳо ва ғайраҳо.

Рӯзи 17 майи соли ҷорӣ дар утоқи бозаргонии шаҳри Машҳад бо иштироки раисони вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Хуросони Разавии Эрон Яъқубалӣ Назарӣ бизнес-форуми доираҳои сармоягузориву тиҷоратии ду кишвар баргузор гардид.

Қайд гардид, ки раҳбарияти ҳар ду вилоят тамоми имконотро баҳри тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба кор мебаранд. Вилоят яке аз марказҳои рушдёфтаи кишоварзию саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дорои имконоти фаррохи ҳамкориҳо мебошад.

Пас аз қисмати муаррифии зарфиятҳо, нимаи дуюми рӯзи 17 май мулоқотҳои инфиродии сармоягузорону соҳибкорони тоҷику эронӣ дар формати В2В сурат гирифт. Дар натиҷаи мулоқотҳо миёни доираҳои соҳибкории Хатлону Хуросони Разавӣ 15 шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.

Дар баробари ин,  миёни Минтақаҳои озоди иқтисодии ҳудуди вилояти Хатлон ва корхонаву ширкатҳои Хуросони Разавӣ 9 созишнома оид ба бунёди корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли таҷҳизоту мошинолот, доруворӣ, истеҳсоли дастгоҳҳои коркарди партовҳои сахти маишӣ, истеҳсоли сутунпояҳои чароғи барқӣ ба маблағи умумии 41 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.