Сафари Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ба Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҷалби сармоягузорон ба минтақа.

Санаи 30.04.2023 сол, роҳбари МОИ “Панҷ” Мумин И.К ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд, ки мақсади сафар ин ҷалб намудани сармоягузони ҶИ Эрон ба МОИ “Панҷ” мебошад.

Дар рафти сафар бо як қатор сармоягузорон дар шаҳри Теҳрон вохури ба анҷом расонида шуд ва баъдан ба шаҳрҳои Машҳад ва Шероз сафар намуда аз минтақаи озоди иқтисодии “Сарахс” ва минтақаҳои саноатии Шероз низ дидан намудем.

Дар шаҳри Машҳад бо як қатор сармоягузорон вохури намудем, ки аз инҳо оғои Ашраф оиди корхонаи истеҳсоли пойафзолҳои тобистона, қуттиҳои платики ва қубурҳои пластики, оғои Дониш оиди корхонаи логистики, оғои Ҳоди оиди корхонаи истеҳсоли қоғазҳои конселяри, оғои Азизи оиди корхонаи истеҳсоли қубурҳои калонҳаҷм аз маҳсулоти полиэтилени, оғои Муслим корхонаи мурғпарвари ва истеҳсоли хурока барои мурғ, оғои Шоҳмаҳмуд оиди корхонаи профилбарори, оғои Низом оиди корхонаи коркарди сангҳои ороиши, оғои Маҳмуд барои таъмин намудани нафти хом ба субъекти МОИ “Панҷ” ва дигарон.

Ва инчунин, дидан намудан аз минтақаи озоди иқтисодии “Сарахс” ва шинос шудан бо роҳбараш оғои  Али Тотор, минтақаи озоди иқтисодии “Сарахс”  масоҳаташ 5200 гектарро ташкил медиҳад, ва қариб 2000 ҳазор ширкатҳо дар он ҷо ба қайд гирифта шуда кору фаъолияти худро пеш мебаранд, аз ҷумла; ширкатҳои логисти, ширкатҳои коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни нафти, ширкатҳои коркарди сангҳои куҳи ва ороиши, корхонаҳои истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан ва газдор, корхонаи истеҳсоли шарбатҳои гуногун аз меваҷотҳо ва ғайраҳо.

Ҳамзамон, дар рафти сафар ба шаҳри Шероз бо роҳбари минтақаҳои саноатии Шероз оғои Ҳовадии Ҳусейни шинос шудем. Дар минтақаҳои саноатии Шероз 6 ҳазор корхонаҳои гуногун ба қайд гирифта шуда кору фаъолиташонро пеш бурда истодаанд. Дар ин минтақаи саноати қариб 2 ҳазор корхонаҳои истеҳсоли ба истеҳсолт машғул мебошанд. Дар рафти шиносои бо минтақаи саноати аз як қатор корхонаҳои истеҳсоли дидан низ намудем, аз ҷумла; бо корхонаи истеҳсоли ширеш, ки  барои маҳсулотҳо аз скотч то киштиҳои калонҳаҷм истифода бурда мешаванд, корхонаҳои истеҳсоли қубурҳои полиэтилени гуногунҳаҷм аз 20 мм то 2500 мм, корхонаи истеҳсоли қолабҳо барои турбаҳо ва шайбаву болтҳо аз резина, корхонаи истеҳсоли резинаҳои мустаҳакамкунии даруни трубаҳои полиэтилени, корхонаҳои истеҳсоли зарфҳои калонҳаҷми полиэтилени ва пластикӣ, корхонаҳои истеҳсоли матоҳои гуногун, рангкуни ва истеҳсол то коркарди ниҳоии онҳо (маҳсулоти тайёр барои истифодабари), корхонаҳои истеҳсоли резинаҳо барои автомобилҳо, корхонаҳои ресмонбарори аз маҳсулоти полиэтилени, корхонаҳои дорусози аз гиёҳои куҳии маҳали, корхонаҳо оиди истеҳсоли таҷҳизотҳо барои коркарди маҳсулотҳои куҳи ва ғр.