Иштироки Роҳбарияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” дар Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Дар санаи  05.05.2023 сол дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон  роҳбарияти  Маъмурияти  МОИ дар вохуриҳои  дуҷонибаи   соҳибкорону  ширкатҳои  Ҷумҳурии  Малайзия  ва Ҷумҳурии Тоҷикистон   фаъолона  иштирок  намуда бо  як чанд ширкатҳои  Малайзияги  гуфтушнид анҷом расонида шуд. Бояд гуфт, ки  мақсади  тамоми ишитрокчиёни ширкатҳои истеҳсолии Малайзия  асосан барои  дарёфт кардани  бозори фуруши махсулотхои  истеҳсол  намудаашон  буд.

Аз тарафи роҳбарияти Маъмурият бо якчанд роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Малайзия вохури намуда, барои ҳамкори намудан бо МОИ “Панҷ” даъват ба амал оварда шуд, аз ҷумла: 1. Julies –  самти фаъолияташ  истехсоли  махсулотхои  кондитери; 2. JOTECH – самти фаъолияташ  истехсолитехникаи маишии хозиразамони  технологияхои офтоби; 3. DagangHalal – самти фаъолияташ  истехсол, бастубанд ва дастрас намудани  маводхои  хуроки тезтаёр, кахва, чойхои  хушбу, косметика ва маводхои гигиени  ва гайра  дар асоси махмулотҳои зери тамғаи  ҳалол; 4. MCMTC – самти фаъолияташ ҳамчун ширкаи ёрирасонии соҳибкорони  хурду миёна.

Роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои Малайзияги, ки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ”  бо онҳо вохури намуданд, ҳамаашон изҳор доштанд, ки   бо  пайдо шудани талабот ба маҳсулоти онҳо дар дохил  ё тарики МОИ  ба  дигар  Ҷумҳуриҳои  ҳамсоя  тасмими  ҳамкориҳоро  дар ин самт  мегиранд.