Иштироки Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” дар Маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи аввали соли 2023 дар вилояти Хатлон

Дар санаи 11 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи аввали соли 2023 бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамбастии семоҳа оиди масъалаҳои иқтисод, саноат, маориф ва дигар масъалаҳои муҳим муовинони раиси вилоят ахборотҳо доданд.

Дар рафти маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи аввали соли 2023 роҳбари вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид оиди минтақаҳои озоди иқтисодии вилоят, хусусан оиди минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” пурсон шуданд. Роҳбари МОИ “Панҷ” оиди минтақа муфассал ахборот доданд.

 Аз тарафи раиси вилоят даъват карда шуд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин ҷалби сармоягузорони хориҷию ватаниро ба минтақа дучанд намуда оиди ин масъала диққати ҷидди дода шавад ва субъектҳои нав ба қайд гирифта шавад. Ва инчунин раиси вилоят қайд намуданд, ки корхонаҳои саноатие, ки аз фаъолият боз мондаанд, ҳарчи зутдар ба кор дароварда шаванд.