Вохурии намояндаи МОИ “Панҷ” бо роҳбари корхонаи трансформатории “Ханчуан” оид ба маҳсулоти “Hanbian” дар вилояти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин

Дар санаҳои 16-18 марти соли 2023 дар вилояти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндаи МОИ “Панҷ” бо роҳбари Заводи трансфарматори Ханчун, ки маҳсулотҳои Ширкати Hanbianро муаррифи менамояд вохури анҷом дода шуд.

Дар рафти вохури аз тарафи намояндаи Маъмурият оиди МОИ “Панҷ” ролики Муаррифӣ (Презентатсия) намоиш дода шуд, оиди Қонун “Дар бораи МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ахборот дода шуд ва инчунин ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Аз ҷониби роҳбарияти Заводи трансфарматори Ханчун, оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба, сохта ба истифода додани заводи трансфарматорбарори дар МОИ “Панҷ” ва инчунин тайёр намудан ва омузонидани мутахассисон ҳавасманди зоҳир намуданд.

Дар охири вохури аз тарафи намояндаи Маъмурияти МОИ  роҳбарияти Заводи трансфарматори Ханчун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидан намудан аз МОИ “Панҷ” ва шинос шудан аз вазъи кунунии минтақа даъват карда шуд.