Ташрифи Сафир Эрик Лебедел, кордори сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва дигар намояндагони сафорати Фаронса ба Маъмурияти МОИ “Панҷ”.

Дар санаи 14 марти соли 2023 Сафир Эрик Лебедел, кордори сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва дигар намояндагони сафорати Фаронса ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” ташриф оварда  аз шароити кунунии субъектҳо ва минтака шиносои пайдо намуданд.

Мақсади ташриф овардани сафир, шинос шудан аз минтақаи наздисарҳади ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба барои ҷалб намудани сармоягузорони ҷумҳурии Фаронса ба минтақа ва интиқол додани молу маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя тариқи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён мебошад.

Сафир Эрик Лебедел, кордори  сафорати Фаронса дар Тоҷикистон дар вақти шиносои аз МОИ “Панҷ” ба саволҳояшон  ҷавобҳои мушаххас гирифта, ва инчунин аз Қонуни ЧТ “дар бораи МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ” ва оиди имтиёзҳои гумрукӣ ва андозӣ дар МОИ “Панҷ” маълумот  пайдо намудаанд.

Дар анҷоми вохури Сафир изҳор намуданд, ки  дар оянда барои ба роҳ мондани корхонаи истеҳсоли геранбарори, ҷалб намудани сармоягузорони Фаронсави ба минтақа ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад бурд.