Иштироки фаъоли Субъектҳои МОИ «Панҷ» дар Нуҳумин конфронс оид ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе дар бинои «Китобхонаи Миллӣ» Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории  байниминтақавии  Русия  ва Тоҷикистон баргузор гардид.  Дар ин вохури намояндагони  Субъектҳои  МОИ «Панҷ»  иштироки фаъол  доштанд, ки  барои дарёфт кардани  шарикони тиҷорати   вохуриҳои  дуҷониба  гузаронида  шуд, аз ҷумла:

 

  1. Намояндаи Бурок – 2ЛТД Мухамад Зокир бо намояндаи ООО «Сибирнефть»  Бобровик  Н.В  вохурии дучониба гузаронида  шуд, ки  барои  дастрас намудани  маводи сузишвори  ва  ба ЧИ Афгонистон фурухтани  он  гуфтушинид гузаронида шуд.                               
  1. Аз тарафи муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Хомушов Икром бо   муовини якуми  Агентии  рушди  сармоягузории Ҷумҳурии  Татаристон   Галиев И. М. ҳамсуҳбат шуда,  барои  ҷалби  сармоя  ба  МОИ   таклифҳои худро  пешниҳод намуда  аз ҳолати  воқеъии  МОИ  маълумот дода  шуд.   Номбурда   дар  ҷавоб  изҳор намуданд, ки сармоягузорони Татаристонро бо  буклетҳо ва Муаррифии (презентатсияи) МОИ «Панҷ»  шинос  намуда  таклифҳои моро  пешниҳод менамояд.
  2. Аз тарафи роҳбарияти МОИ “Панҷ” бо якчанд роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои  Руси аз ҷумла; ООО «Чувашхлебпродукт», «Зерно Сибири», «Новосибиррскхлебпродукт» ва  дигар  намояндагони   ширкатҳои Росия  вохуриҳо гузаронида шуд, ва дар бораи  МОИ «Панч»  маълумоти  муфасал   пешниҳод карда шуд, бо  буклетҳо ва Муаррифии (презентатсияи) МОИ шинос карда шуданд.  Дар ин вохуриҳо  Ширкатхои Русия  хохони  дарёфти  шарикони тиҷорати чи дар дохили Тоҷикстон ва чи дар МОИ-и буданд. Аз тарафи роҳбарияти МОИ пешниҳодҳо карда шуд, ки  бо сармоягузорони  ҶИ Афғонистон, ки  Субъектҳои  МОИ  мебошанд,  ҳамкориро  ба роҳ  монанд. Дар навбати худ Ширкатхои  Русия оиди  ин таклифҳо дар ояндаи наздик баъд аз омузиши бозори  минтақаҳои гирду атроф  хулосаҳои  худро бароварда бо мо дар тамос хоҳанд шуд.
  3. Дар таърихи 03.2023  дар  шаҳри Душанбе  бо  яке аз соҳибкорони  ҶИ Эрон  Ҳасан  Фекрали  ва Илхом Боев роҳбари  ЧДММ «Мушки Сино»  даври  аввали  вохури  баргузор шуд.  Номбурда   аз ҳолати вокеъии   МОИ  шиносои пайдо  намуда  дар  бораи  меъёрхои  ҳуқуқии  МОИ  маълумот  дастрас  намуд. Номбурда   оиди   ба роҳ мондани  парвариши  анҷибар (герань)  дар ноҳияи Ҷайхун  ва   коркарди  он  дар ҳудуди МОИ  то  сатҳи ниҳои  нақшаҳои  худро   пешниҳод  намуд, ки қобили  кабул   шуд.