Боздиди ҳайати расмии Тоҷикистон ва роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” аз Кластери мудирияти оби Маҷористон

24 ноябри 2022 дар Будапешт дар ҳошияи сафари кории ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 2-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (25 ноябри 2022), боздиди ҳайат аз Кластери мудирияти оби Маҷористон (the Hungarian Water Treatment Cluster) ва мулоқот бо роҳбарияти муассисаи мазкур Чаба Ҳаранӣ сурат гирифт.
Дар рафти боздид ҳайат бо таҷрибаи Маҷористон дар соҳаи мудирияти об ва навовариҳои ҷоришаванда шинос шуда, ҷонибҳо инчунин имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.