Сафари кории роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол бо ҳайати намоядагони вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони вилоят ба шаҳрҳои Газиантеп ва Бурсаи Ҷумҳурии Туркия.

Дар санаи 11 сентябри соли 2022  роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол дар ҳайати намояндагони вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони вилоят ба шаҳрҳои Газиантеп ва Бурсаи Ҷумҳурии Туркия, сафари корӣ ба анҷом расонидем.

        Дар санаи 12  сентябри соли 2022  роҳбари Маъмурияти МОИ дар ҳайати намояндагони вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони вилоят дар шаҳри Газиантепи Ҷумҳурии Туркия бо Ноиби президенти Минтақаи саноатии муташаккили Газиантеп муҳтарам Омер Джинджикчи вохӯрии корӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯри оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии вилояти Хатлон ва имтиёзҳои гумрукӣ ва андозии минтақаҳои озоди иқтисодӣ муаррифии карда шуд. Дар натиҷа барои тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба, омӯзонидан ва тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни саноат, ҷалб намудани соҳибкорони минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп ба Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” бо Ноиби президенти Минтақаи саноатии муташаккили Газиантеп муҳтарам Омер Джинджикчи Санади ҳамкорӣ баста шуд.

     Баъд аз вохӯрии корӣ аз маркази рушди дастгирии соҳибкории хурду миёна  GETHEM (маркази тарроҳии саноатӣ ва моделсозии гибридии Газиантеп) ва якчанд корхонаҳои истеҳсолии минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп дидан карда шуд.

     Санаи 13 сентябри 2022 сол, дар маҷлисгоҳи Палатаи савдои Газиантеп,  Форуми байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Газиантепи Ҷумҳурии Туркия бо иштирокӣ аз ҷониби Туркия – Раиси шаҳри Газиантеп Фатам Шаҳин, Ноиби президенти Минтақаи саноатии муташаккили Газиантеп Омер Джинджикчи, Раиси Шурои ҳамкории Туркияю – Тоҷикистон Ҷиҳангир Фикри Сарасонглу, Раиси Палатаи савдо ва саноати Газиантеп ва аз ҷониби Тоҷикистон – раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробидин ва ҳайати намояндагои Тоҷикистон иширок намуданд.

    Баъд аз Форуми байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Газиантепи Ҷумҳурии Туркия, мулоқотҳои В2В бо соҳибкорони ду тараф ба анҷом расонида шуд. Дар ин мулоқоти В2В аз тарафи соҳибкорони вилояти Хатлон бо соҳибкорони Газиантеп якчан санадҳои ҳамкори ба имзо расонида шуд.

     Санаи 14 сентябри соли 2022 ба самти вилояти Бурса равон шудем.

      Рӯзи 15 сентябри соли 2022 мулоқот бо Волии Бурса, Раиси шаҳри Бурса ва Минтақаи муташаккили саноатии Бурса анҷом дода шуд. Дар ҳамин руз дар толори Палатаи савдо ва саноатии Бурса Форуми байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бурсаи Ҷумҳурии Туркия бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробидин ва ҳайати намояндагои Тоҷикистон баргузор гардид.

        Баъд аз Форуми байниминтақави мулоқотҳои В2В бо соҳибкорони ду тараф ба анҷом расонида шуд. Дар ин мулоқоти В2В аз тарафи соҳибкорони вилояти Хатлон бо соҳибкорони Бурса якчан санадҳои ҳамкори ба имзо расонида шуд, ва инчунин аз тарафи роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол бо роҳбари корхонаи истеҳсоли мебел ва таҷҳизотҳо барои мебел (MOBILIUM AVA) Расул Дурак Санади ҳамкорӣ баста шуд. Роҳбари корхонаи мебелбарори изҳор намуданд, ки аз минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” сафари корӣ ба анҷом медиҳад, ва баъдан дар МОИ корхонаи мебелбарориро ба роҳ мемонад.

     Баъд аз баргузории Форум, ва рузи дигар ҳам, аз корхонаҳое, ки бо брендҳои ҷаҳони ҳамкори доранд, дидан намудем, аз ҷумла: аз корхонаи нассоҷӣ, ки бо ширкати “Зара” ва бо Аврупо ва Амрико ҳамкори дорад ва маҳсулотҳоя ба ин мамлакатҳо равона карда мешавад, корхонаҳои дарсозӣ, ки маҳсулотҳояш ба Аврупо ва Осиёи Миёна фурухта мешавад, корхонаи уребчабарори, макаронбарори, ордбарори ва дигар корхонаҳои истеҳсолии минтақаи саноатии Бурса дидан намудем.

       Дар санаи 16 сентябри соли 2022  дар идораи Палатаи савдо ва саноати Инегёли Бурса вохури бо раиси Палатаи савдо ва саноат Явуз Угурдак баргузор гардид, ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон оди сармоягузори ва имтиёзҳои сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифи карда шуд.Дар натиҷа, аз тарафи раиси Палатаи савдо ва саноатии Бурса Явуз Угурдак бо роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол барои тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба, омӯзонидан ва тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни саноат, ҷалб намудани соҳибкорони минтақаи муташаккили саноатии Бурса ба Минтақаҳои озоди иқтисодӣ Санади ҳамкорӣ баста шуд.

 

Бастани санади ҳамкори байни Роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол бо Ноиби президенти Минтақаи саноатии муташаккили Газиантеп муҳтарам Омер Джинджикчи.

Маросими Форуми байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Газиантепи Ҷумҳурии Туркия.

Мулоқотҳои В2В бо соҳибкорони ду тараф ба анҷом расонида шуд. Дар ин мулоқоти В2В аз тарафи роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол бо роҳбари корхонаи истеҳсоли мебел ва таҷҳизотҳо барои мебел (MOBILIUM AVA) Расул Дурак – Санади ҳамкорӣ баста шуд.