Ёддошти тафоҳум байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати масъулияташ маҳдуди «Ширкати тиҷорӣ-саноатии Урал»-и Ҷумҳурии Қазоқистон.

Санаи 8 июли соли ҷорӣ Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ширкати масъулияташ маҳдуди « Ширкати тиҷорӣ-саноатии Урал » -и Ҷумҳурии Қазоқистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳадафҳои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни МОИ «Панч» ва Ширкати масъулияташ маҳдуди «Ширкати тиҷорӣ-саноатии Урал» масалагузорӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар ташкили робитаҳои корӣ байни МОИ «Панч» ва Ширкати масъулияташ маҳдуди «Ширкати тиҷорӣ-саноатии Урал» бо мақсади шиносоӣ бо вазъи меъёрию ҳуқуқӣ ва имкониятҳои содиротии ҳарду ташкилот ва ташкили истеҳсолот дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳамкориро ба роҳ монанд.

Дар интиҳо ҳарду ҷониб омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.