Ёддошти тафоҳум байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Кранҳои маноравӣ» («Tower Cranes»)-и Ҷумҳурии Қазоқистон.

Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар намоишгоҳи байналмилалии саноати “INNOPROM” , ки дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловски Федератсияи Россия ки  баргузор гардид, ёддошти тафоҳум байни  Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Кранҳои маноравӣ» («Tower Cranes»)-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

Ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидан аз ҳамкории мутақобилан судманд  бо назардошти ҳадафҳои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ байни МОИ «Панч» ва ҶДММ « Кранҳои маноравӣ » Ҷумҳурии Қазоқистон  масалагузорӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки барои самараноктар фаъолият кардани муносибатҳои тиҷоратӣ  дар МОИ «Панҷ» бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ густариш диҳанд.

Дар интиҳо ҳарду ҷониб омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.