Ташрифи як гуруҳ соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои истехсолкунандаи маводҳои фармасептикӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба МОИ “Панҷ”

Дар аввалҳои моҳи марти  соли  2022  як гуруҳ соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои истехсолкунандаи  маводҳои фармасептикӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд, аз МОИ “Панч” дидан намуданд. Бо  Низомнома  ва  Қонунҳо оиди Минтакаи озоди  иктисодӣ шиносои пайдо намуда аз вазъи  кунунии  минтақа маълумоти муфасал  гирифтанд.     

Намояндагони ин  ширкат пас аз шиносои  бо  вазъи кунунии минтка изҳор намуданд, ки дар ояндаи наздик  оиди  ба роҳ мондани  корхонаи истеҳсол ва  бастубанди маводҳои доруворӣ аз растаниҳои (гиёҳҳо) шифобахши  ватаниро дар  худуди минтақа дар назар доранд.  Намояндаи ширкати истехсолкунандаи маводхои фарматсептикӣ ваъда доданд, ки баъди ҳал шудани масъалаи молиявӣ ва ба итмом расидани лоиҳа  бо Маъмурияти минтақа  дар  тамос  мешаванд.