Иштироки Роҳбарияти МОИ “Панҷ” дар бизнес форуми “Соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистону ва Ҷумҳурии Исломии Эрон”, дар толори Китобхонаи Миллии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

       Дар санаи 28.02.2022 сол, Роҳбарияти МОИ “Панҷ” ва якчанд роҳбарони субъектҳои МОИ “Панҷ”, дар толори Китобхонаи Миллии шаҳри Душанбе, дар бизнес форуми “Соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон”, ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, иштирок намуданд.

      Дар бизнес форуми “Соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон”, оиди дастовардҳои солҳои қаблин, чи гуна хубтару беҳтар ба роҳ мондани тиҷорати дуҷониба, зиёд намудани савдои дуҷониба, шароити муфид ташкил намудан барои сармоягузорон ва ҳал намудани дигар масъалаҳои муҳими тиҷорати суханрони карда шуд.

          Дар анҷоми бизнес форум як қатор созишномаҳо байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оиди тиҷорат дар соҳаҳои гуногун баста шуд.

         Инчунин аз тарафи ҶДММ “Милал Интер Ҷоинт”, ки субъекти МОИ “Панҷ” мебошад, бо соҳибкор аз Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба коркади санги ороиши созишнома баста шуд. Дар оянда дар назар аст, ки сангҳои маҳалии худиро барои коркард ба истифода хоҳанд дод.