Иштирок дар маҷлиси ҷамбастии солонаи вилояти Хатлон дар толори маҷлисгоҳи Ҳукумати вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳил Расулзода ва раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Ҳакимзода Қурбон.

       Дар санаи 10.01.2022 сол, дар толори маҷлисгоҳи Ҳукумати вилояти Хатлон маҷлиси ҷамбастии солонаи вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳил Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид.

        Маҷлиси ҷамбастии солонаро Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ифтитоҳ намуда суханро ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳил Расулзода дод. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳил Расулзода ҳамаро табрику таҳният гуфта дар соли 2022 мувафақият хост.

        Баъди суханронии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳил Расулзода, Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон суханро ба муовинони раиси  вилояти Хатлон ва Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят дода оиди ҳисоботҳои онҳо шунида шуд.

        Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳил Расулзода оиди иҷро нагардидани як қатор фармону фармоишҳо изҳори нигарони карда супориш доданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда шаванд. Ва супоришҳои қатъи барои соли 2022 дода шуд.