Вохури бо соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии намояндаи Барономаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарии намояндаи Барономаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар МОИ “Панҷ”.

Дар санаи 07.07.2021 сол баъди ба анҷом расидани форуми соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон  якчанд соҳибкорон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии намояндаи Барономаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Фирӯз Саидхоҷаев ва роҳбарии намояндаи Барономаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғои Ҷовидхон, меҳмонон аз минтака дидан намуда  бо шароити кунунии  минтака ва бо Низомномаи МОИ ва Қонунҳои  вобаста  ба Минтакаи озоди иктисоди  шиносои пайдо намуданд.

Мехмонон  ба хулосае  омаданд, ки  дар  ояндаи наздик  оиди ташкил намудани  корхонаҳои истеҳсоли маводҳои доруворӣ, коркарди пуст, истеҳсоли маҳсулотҳои чармин, коркарди мева, коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ва ғайраро дар МОИ “Панҷ” ба роҳ хоҳанд монд;