Ташрифи намояндагони Фонди Оғохон оиди барномахои рушди иктисод дар минтақаҳои осиёи марказӣ, оиди ташкил намудани гармхона дар МОИ “Панҷ”.

Дар санаи  06.09.2021 ва 03.11.2021  сол дар идораи  Маъмурияти  МОИ бо Мушовири  Лоихахои  инвестиционии IPS (Фонди Оғохон оиди барномахои рушди иктисод) – Сайвали Зардов,  Рохбари  IPS (барномахои рушди иктисоди  Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон) – Амин Исмоил, мутахассис оид ба ҷалби сармоягузориҳо дар минтақаи осиёи маркази хонума Шай Руз ва  мутахассиси  ширкати байналмилалии  AGRIGO (Италия) мистер  Рон  вохури  баргузор гардид, ки дар ин вохури мехмонон  бо  Низомнома  ва  Қонунҳои  МОИ  шиносои пайдо намуда аз вазъи истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзи  дар ноҳияҳои гирду атроф  маълумоти муфасал  гирифтанд.

Меҳмонон оиди ташкил намудани гармхона дар 5 га замин барои парвариши  растанихои ситруси, сабзавоти тару тоза ва  ташкил намудани корхонаи  коркарди махсулоти кишоварзи ва корхонаи консервабарори  пешниходхо  намуданд, ки лоиқи кабул шуд. 

Меҳмонон аз корхонаҳои субъектҳо ва ҳудуди МОИ дидан намуда  бо  инфрасохтори  минтака шиносои  пайдо намуданд. Айни замон   пешниходхои ин ширкатхо  ба рохбарияти Фонди  Оғохон пешниход шуда  дар ҳолати омузиш карор дорад. Айни замон бо Роҳбарияти Маъмурияти МОИ дар алоқа мебошанд;