Ташрифи Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Василий Сервантюк ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ».

Меҳмононро дар даромадгоҳи минтақа Роҳбари Маъмурият Мумин Илҳом Камол пешвоз гирифта, онҳоро барои дидан намудан аз МОИ “Панҷ” ҳамроҳи намуда ба онҳо оиди дар амал татбиқ гардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ дар МОИ “Панҷ” маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар вохури Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Василий Сервантюк иброз намуданд, ки ҳамкории сармоягузорон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Украина бо Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои хуби дуҷониба дошта, барои ҷоннок намудани корҳо дар ин самт саҳми худро мегузорад. Ва иброз намуданд, ки дар оянда барои бунёди корхонаҳои металлурги ва арматурбарори барои таъмини ҷумҳуриҳои ҳамсоя аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мувофиқи мақсад мебошад.