Ташрифи Сафири ҶИ Покистон Имрон Ҳайдар ва як гуруҳ соҳибкорони ҶИ Покистон ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ».

Дар санаи 24 августи соли 2020 Сафири ҶИ Покистон ҷаноби Имрон Ҳайдар бо намояндагони сафорат ва соҳибкорон аз ҶИ Покистон бо мақсади шиносои ва вохури бо роҳбарони субъектҳо аз минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” дидан намуданд.

Меҳмононро Роҳбари Маъмурият Мумин Илҳом Камол пешвоз гирифта, онҳоро барои шиносои намудан аз МОИ “Панҷ” ва субъектҳо ҳамроҳи намуда ба онҳо оиди дар амал татбиқ гардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ дар МОИ “Панҷ” маълумотномаи муфассал пешниҳод намуд.

Дар вохури Сафири ҶИ Покистон Имрон Ҳайдар иброз намуд, ки ҳамкории сармоягузорон ва соҳибкорни ҶИ Покистон бо Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои хуби дуҷониба дошта, барои ҷоннок намудани корҳо дар ин самт саҳми худро мегузорад.