Ташрифи Роҳбари намояндагии тиҷоратии ФР дар ҶТ – Коренков Евгений Анатолиевич, намояндагони сафорати ФР ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ».

Дар санаи 29 июли соли 2020 меҳмонон аз намояндагии тиҷоратии ФР дар ҶТ Коренков Евгений Анатолиевич бо намояндагони сафорати ФР, бо мақсади шиносои ба минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ташриф оварданд.

Меҳмононро Роҳбари Маъмурият Мумин Илҳом Камол пешвоз гирифта, онҳоро барои дидан намудан аз МОИ “Панҷ” ҳамроҳи намуда ба онҳо оиди дар амал татбиқ гардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ дар МОИ “Панҷ” маълумотномаи муфассал пешниҳод намуд.

Дар вохури намояндагии тиҷоратии ФР дар ҶТ Коренков Е.А. пешниҳод намуданд, ки дар ояндаи наздик ҳамкориро дар самти бунёди сехҳои васлкунии нақлиётҳои боркашу хизматрасонии гуногунтамғаи «ГАЗЕЛ» ва «КАМАЗ» – ро барои таъмини ҶИ Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ хоҳанд монд.