Ташрифи расмӣ тибқи протоколи Шурони нозирон оид ба Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МОИ «Панҷ»,.

Дар санаи 18 феврали соли 2021 ташрифи Муовинонии Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Сулаймонзода Акрам Раҳим ва Файзуллозода Заробиддин Қудрат, Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Дадобоев Алишер, Сардори Раёсати андози вилоят Раҷабов Соҳиб, Мудири бахши робита бо кишварҳои хориҷа Улфатзода Абдураҳим, Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Қурбонзода Қурбонали, директори Палатаи савдо ва саноати вилоят Сайфиддинов Фарҳод, Мудири бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Асомиддинзода Шарофиддин, Раси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода А, муовини раиси ноҳия, сардори барқи ноҳия, сардори обу корезии ноҳия, сардори кишоварзии ноҳия ва намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва инчунин сармоягузорони ватанӣ.

Мақсади меҳмонон барои ташриф овардан, ин ҷалб намудани сармоягузорони ватанӣ ва ҳарчи зуттар ба роҳ мондани корхонаҳои истеҳсолӣ барои содироти мол ба хориҷӣ кишвар мебошад.