Ташрифи хонума Уматова Гулчеҳра намояндаи Ширкати «MAM BETON Paydar shargh», Ҷумҳурии Исломии Эрон оиди сохта ба истифода додани корхонаи сементбарори ба миқдори 1 млн. тонн.

Дар санаи 23.01.2021 сол тариқи тамоси телефони ва интернет бо шаҳрванди Ҷумҳурии Эрон – роҳбари Ширкати «MAM BETON Paydar shargh» оғои Мамашхани Аббос Али, ки яке аз ширкатҳои бонуфузтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо сохтмони хонаҳои баландошёна, пулҳо, беморхонаҳо, майдонҳои варзишӣ, ва ғр. машғул мебошад ва вохури дар Маъмурият бо  намояндааш хонума Уматова Гулчеҳра суҳбатҳо анҷом дода шуд. Ва изҳор карда шуд, ки дар МОИ “Панҷ” сохтмони заводи сементбарори ба миқдори 1 млн, тонна солона, анборҳои нигаҳдории маҳсулотҳои гуногунро сохта ба истифода медиҳад, изҳор намуданд, ки дар фурсати муайян аз минтақа дидан мекунанд;