Шакли комплекси (умуми) дошта

Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» №700 аз 25 марти соли 2011 ва Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2008 таҳти №1147 тасдиқ шудааст, ки асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқию иқтисодии фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии шакли комплексии Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» (минбаъд – МОИ «Панҷ») – ро муайян менамояд, фаъолияташро пеш мебарад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон МОИ «Панҷ» минтақаи ягонае мебошад, ки шакли комплексиро дорост.

Сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, ки мехоҳанд субъекти МОИ «Панҷ» шаванд, метавонанд аз чор намуди фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, дар МОИ «Панҷ» ҳамон намуди фаъолиятро интихоб намоянд, ки барои рушди тиҷораташон самаранок аст.

Намудҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба хусусияти фаъолияташон ба намудҳои муайян ҷудо мешаванд ва инчунин метавонанд хусусиятҳои якчанд  минтақаҳои озоди иқтисодиро дар бар гиранд.  Минтақаи озоди иқтисодӣ метавонад аз якчанд қитъаи алоҳидаи таҳти идораи ягона иборат бошад.

Минтақаҳои озоди иқтисодиро дар чунин намудҳо таъсис додан мумкин аст:

  • саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ);
  • савдо ва тиҷоратӣ;
  • хизматрасонӣ;
  • инноватсионӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда.

 

  1. Минтақаи озоди иқтисоди саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ) минтақае мебошад, ки ба ҳавасгардонии рушди соҳаи саноат равона карда шудааст. Ин намуди минтақаҳо бо роҳи ба низоми махсуси ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ гузаронидани ташкилотҳои мавҷудаи алоҳида ва субъектҳои хоҷагидорӣ барпо карда мешаванд. Дар ин намуди минтақаҳо таҷдиди сохтор, азнавсозӣ, тағйир додани самти фаъолияти корхонаҳо бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки саноатӣ, самти инноватсионӣ, ҷори намудани технологияи муосир амалӣ карда мешаванд.
  2. Минтақаи озоди иқтисодии савдо ва тиҷоратӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки ҳудуди он барои такмилдиҳи, коркард, ба навъхо ҷудокунӣ, борбандӣ, тамғагузорӣ ва нигаҳдории молҳои ба минтақа воридшаванда бо мақсади минбаъд ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ё аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудан истифода мегардад. Минтақаҳои озоди иқтисодии савдо ва тиҷоратӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан, нуқтаҳои бо ҳам пайвастшавандаи магистралҳои нақлиёти автомобилгард, маҳалҳои наздисарҳадӣ ва дар дигари қитъаҳои дигари махдудгардидаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, ки аз тариқи онҳо интиқоли байналмиллалии молу маҳсулот мунтазам сурат мегирад.
  3. Минтақаи озоди иқтисодии хизматрасонӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки дар ҳудуди он корхонаю ташкилотҳои хўроки умумӣ, хизматрасонии сайёҳӣ, табобатӣ ва муолиҷавӣ, машваратӣ (консалтингӣ), муҳандисӣ – техникӣ (инжинирингӣ), миёнаравӣ, молиявӣ ва қарзӣ, аудиторӣ, суғуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо ҷойгир шудаанд.
  4. Минтақаи озоди иқтисодии инноватсионӣ, илмию татқиқотӣ ва ҷорикунанда минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки дар ҳудуди он фаъолияти корхонаву ташкилотхои илмию татқиқотӣ, илмию таълимӣ, таҷрибавию  конструкторӣ, такмили ихтисос, истеҳсоли таҷрибавӣ дар соҳаи технологияи муосири истеҳсоли молу махсулот ва кашфиётҳои нави самаранокӣ (ноу – хау) ба роҳ монда мешавад.
  5. Таъсири минтақаҳои инноватсионӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда дар қитъаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо марказҳои илмию таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, марказҳои истеҳсолӣ, инноватсионӣ, таълимӣ ва технопаркҳо ҷамъ оварда шудааст, иҷозат дода мешавад.