Озоди муомилот бо асъорӣ миллӣ ва асъори хориҷӣ

Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муомилоти озоди асъори хориҷӣ дар баробари асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Дар ҳудуди МОИ «Панҷ» муомилот бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ озод мебошад. Субъектҳои МОИ ҳуқуқ доранд тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ (муассисаҳои онҳо) ва маблағгузории хурди дар МОИ «Панҷ» воқеъгардида ва берун аз он ҳисобҳои бонкӣ дошта бошанд, хариду фурўши пули  миллӣ ва асъори хориҷиро дар МОИ «Панҷ» озодона амалӣ намоянд ва амалиётҳои интиқолиро анҷом диҳанд.

Субъектҳои МОИ метавонанд аз ҳисоби фондҳои асъории ташаккулёфтаи худӣ ба кормандони худ бо асъори хориҷӣ музди меҳнат диҳанд, дар ҳудуди МОИ  «Панҷ» ҳисоббаробаркуниҳоро бо асъори хориҷӣ дар байни худ амалӣ гардонанд.

Кормандони субъектҳои МОИ метавонанд мутобиқи шартномаи меҳнатӣ музди меҳнати худро,  инчунин маблағи хароҷотиро ҳангоми анҷом  додани сафарҳои хизматӣ, бо асъори миллӣ ё хориҷӣ гиранд.

Даромади бадастомадаи сармоягузорони хориҷӣ ва музди меҳнати кормандони хориҷӣ, ки бо асъори хориҷӣ пардохт шудааст, бидуни монеа метавонанд ба хориҷӣ кишвар интиқол дода мешаванд ва дар ин маврид онҳо аз андоз озод мебошанд.