ҲУДУДИ МОИ “ПАНҶ”

Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» – дар қаламрави майдони Қарадуми ноҳияи Ҷайҳуни вилояти  Хатлон бо масоҳати умумии 401,63 гектар қитъаи замин, ки  аз ҳудудҳои алоҳида (маҳдуд) иборат аст, таъсиси дода шудааст.

Яке аз вазифаҳои асосии МОИ «Панҷ»: – бунёд ва ободдонии ҳудуди МОИ «Панҷ», ҳифз ва ҳимояи муҳити зист, дар ҳудуди МОИ ташкил намудани инфрасохтори истеҳсолӣ дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ (алоқа, нақлиёт, коммуникатсия ва ғайра) мебошад.

Азхудкунии ҳудуди МОИ «Панҷ» ба ду марҳила тақсим карда шуда, дар навбати аввал 186 гектар замин, ки барои сохтмони корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва марҳилаи дуюм 215,63 гектар замин, барои фаъолияти савдо ва тиҷорат, логистика ва ғайра нигаронида шудааст.

Айни замон дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ барои сохтмони нав ва рушди инфрасохтор 371,53 гектар қитъаҳои замини озод мавҷуд мебошад.

 

Тартиби пардохти иҷораи қитъаи замин дар МОИ «Панҷ»

  Иҷораи солонаи 1 м. кв. қитъаи замин барои фаъолияти истеҳсолӣ 0,50 доллари ИМА
  Иҷораи солонаи 1 м. кв. қитъаи замин барои фаъолияти хизматрасонӣ 1 доллари ИМА
  Иҷораи солонаи 1 м. кв. қитъаи замин барои фаъолияти савдо ва тиҷорат 1 доллари ИМА

Тартиби истифодабарии замин

Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ қитъаҳои замини дар ҳудуди минтақа ҷойгиршударо дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои вобаста ба заминро танзим мекунанд, истифода менамояд.

Тартиби пешниҳоди қитъаҳои замин ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳудуди  минтақаи озоди иқтисодӣ мувофиқи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад.

Субъектҳои МОИ дар давраи сохтмони корхона ва истифодабарии он дар ҳудуди қитъаи замини ба иҷора гирифтааш, бояд пурра талаботҳои шаҳрсозӣ, бехатарии экологӣ, санитарӣ-гигиенӣ, бехатарии сӯхтор, техникаи бехатарии меҳнат ва дигар талаботҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, риоя намояд.

Моликияти худро, ки дар ҳудуди МОИ ҷойгир аст, бо назардиди худ мувофиқи кодексҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд.

Акси топографии МОИ «Панҷ»

Дар ҳудуди МОИ «Панҷ» чунин амалҳо манъ аст: 

  • иҷрои корҳои истифодаи захираҳои зеризаминӣ (ба ѓайр аз истихроҷи обҳои зеризаминӣ, барои таъмини фаъолияти субъектҳои МОИ бо об);
  • истеҳсоли қоѓазҳои қиматбаҳо, пул ва тангаҳо, маркаҳои почта;
  • истеҳсол, коркард, нигаҳдорӣ, фурӯши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;
  • пахши барномаҳои  радио  ва  телевизионӣ,  ба   истиснои  хизматрасонии техникии радио ва телевизион;
  • истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, безараргардонӣ ва фурӯши маводҳои хатарнок ва радиоактивӣ;
  • табобати касалиҳои  руҳӣ дар шакли  агрессивӣ ва бемориҳои  сирояткунанда;
  • табобати ҳайвонҳое, ки касалиҳои хавфнок доранд;
  • фаъолияте, ки ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ алоқамандӣ дорад;
  • бунёди истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ хатарнок, ки ба муҳити зист зараровар мебошад;
  • фурӯши чаканаи маводи сӯзишворию равѓанҳои молиданӣ дар ҳудуди МОИ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ мансуб нестанд;
  • фурӯши чаканаи молу ашё, ба истиснои фурӯши чаканаи маҳсулоти ниёзи мардум барои истеъмоли дохилӣ бо тарзи ташкили фаъолияти субъектҳои МОИ оид ба савдо ва хӯроки умумӣ дар ҷойҳои аз ҷониби Маъмурияти МОИ муайянкардашуда;
  • фаъолияти хоҷагидорию тиҷоратӣ, ки бо таъмини амният ва дифои давлат, инчунин бо истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯши яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ алоқамандӣ дорад;
  • воридоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, яроқ, лавозимоти ҷангӣ, дигар молҳое, ки фурӯш ва интиқоли онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ва ё манъ карда шудаанд;
  • ташкил намудани қимор ва лотереяҳо, қиморхонаҳо (казиноҳо), видеосалонҳо, бозиҳои автоматикӣ ва ҳоказо.

Танзими реҷаи иҷозат барои даромад ба ҳудуди МОИ «Панҷ»

Барои ба ҳудуди МОИ «Панҷ» даромадан ба намояндагон, хизматчиён, кормандони маъмурияти МОИ ва субъектҳои МОИ ва дигар шахсон навъҳои зерини рухсатномаҳо пешбинӣ мегардад:

  • кортҳои хизматӣ;
  • рухсатномаҳои доимӣ;
  • рухсатномаҳои муваққатӣ;
  • рухсатномаҳои воситаҳои нақлиёт.