Хусусиятҳои гумрукӣ

МОИ «Панҷ» қисми қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарҳадҳои ҳудуди МОИ «Панҷ» сарҳадҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Моли дар ҳудуди МОИ «Панҷ» ҷойгиршуда бо мақсади истифодаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин мамнўъият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ҳамчун моли берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ба ҳисоб меравад.

Дар ҳудуди МОИ «Панҷ» таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ молҳои ватанӣ ва хориҷӣ бе ситонидани боҷи гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодабарии мамнўъият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.

Барасмиятдарории гумрукӣ ва баҳисобгирии молҳо дар ҳудуди МОИ «Панҷ» тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мувофиқаи мақоми давлатии ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти тиҷорати хориҷӣ анҷом дода мешаванд.

Анҷоми амали низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ва муайян намудани кишвари истеҳсолкунандаи мол тибқи муқаррароти қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати молҳои аз ҳудуди МОИ «Панҷ» содиршаванда амалӣ гардонида мешавад.