- 16.01.2022
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: Без рубрики
Комментариев нет
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти МОИ «Панҷ», ин ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ ба минтақа мебошад. Бо ин мақсад, лоиҳаҳои афзалиятнок таҳия шуда, ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ пешниҳод мешаванд, ки аз инҳо иборат мебошанд:
- оид ба коркарди меваю сабзавот ва сабзавоту меваҷоти консервативӣ;
- оид ба сохтмони корхонаи равғанбарорӣ;
- оид ба сохтмони корхонаи коркарди гандум ва истеҳсоли орд;
- оид ба сохтмони корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ;
- оид ба фаъолияти хизматрасонии логистикӣ;
- оид ба сохтмони корхонаи шишабарорӣ;
- оид ба панелҳои офтобӣ ва аккумуляторҳо;
- оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли лулаҳои полиэтиленӣ;
- оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли қуттиҳои пластмасӣ;
- оид ба сохтмони корхонаи коркарди пластмас ва истеҳсоли гранула;
- оид ба сохтмони корхонаи металлоконструксия;
- оид ба истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ ва доруворӣ;
- оид ба истеҳсоли маҳсулоти атторӣ ва маводҳои шустушўйи кимиёвӣ;
- оид ба сохтмони сехҳои ҷамъу васли автомобилҳои барқӣ;
- оид ба сохтмони сехҳои ҷамъу васли дучархаҳои барқӣ (аз ҷумла – мотосиклҳои барқӣ, мапедҳои барқӣ, мотоскутерҳои барқӣ ва велосипедҳои барқӣ).
Лоиҳаҳои таҳияшуда, ки дар ҳудуди МОИ «Панҷ» барои истифодабари қарор дода мешаванд, ин барои рушди тиҷорат нигаронида шудааст, ва барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа ва ноҳияҳои вилояти Хатлон низ мусоидат хоҳанд кард.