- 16.01.2022
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: Без рубрики
Тартиби содаи реҷаи раводид
Ба расмият даровардан ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад:
- кам кардани 50 фоизи маблағи пардохтҳои консулӣ;
- кам кардани мўҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо барои додани раводидҳои дохилшавӣ ва хориҷшавӣ;
- додани раводидҳои дохилшавӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар баробари ташрифи онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба МОИ «Панҷ» равонаанд;
- дигар хизматрасониҳои иттилоотию ҳуқуқӣ ва машваратӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои МОИ «Панҷ» мувофиқ бо равандҳои тағйирёбандаи рушди минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд.
Субъектҳои МОИ дар ҳолати зарурӣ баҳри гирифтани раводид барои корманди ташрифоваранда барои кор дар МОИ «Панҷ» ба Маъмурияти МОИ аз рўи тартиби муқарраршуда як моҳ пеш аз ташрифи мазкур дархост пешниҳод менамоянд.
Маъмурияти МОИ дархостро баррасӣ намуда, ба субъектҳои МОИ дар бораи имконияти гирифтани раводид барои корманди ташрифоваранда барои кор дар МОИ «Панҷ» мушаххасан оид ба ҳар кадом номзад хабар медиҳад.
Рўйхати шахсони барои кор ба МОИ «Панҷ» ташрифоваранда аз ҷониби Маъмурияти МОИ тасдиқ гардида, он барои баррасӣ ба идораҳои консулии Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҷойҳои ташрифи кормандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.
Маъмурияти МОИ пешвозгирӣ ва ҳамроҳии шахсони ташрифовардаро то ҳудуди МОИ «Панҷ» якҷоя бо намояндаи субъекти МОИ ва аз ҳисоби ў ташкил мекунад.
Айнан ҳамин тартиб ҳангоми ба хориҷ рафтани кормандон – шаҳрвандони хориҷие, ки дар МОИ «Панҷ» кор мекунанд, анҷом дода мешавад.
Маъмурияти МОИ барои гирифтани раводид ҷиҳати ташрифи шаҳрвандони хориҷӣ, дароз кардан ва аз эътибор соқит донистани он мусоидат менамояд.
Тартиби содаи муҳоҷират
Сиёсати муҳоҷирати меҳнатиро дар МОИ “Панҷ” қонунгузории Ҷумҳурии Тоҹикистон дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҹумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои ба расмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд” №31 аз 25 январи соли 2017, банди “и” ва Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”, банди 79, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1147 аз 29 октябри соли 2008 тасдиқ шудааст, ба танзим медарорад.
Маъмурияти МОИ иҷозатномаро ба дархосткунандаи хизматрасонии субъектҳои МОИ, ки дар вазифаи идоракунӣ ё техникӣ фаъолият дорад, ба мўҳлати дархостшуда мувофиқи мўҳлати эътибори қарордоди кироя, ки миёни корфармо ва шаҳрванди хориҷӣ баста шудааст, медиҳад.
Маъмурияти МОИ иҷозатномаи кор, ҳамчунин дархостномаро барои истикомат ба мўҳлати 5 сол медиҳад.
- бемонеа гирифтани иҷозатномаи кор барои кормандони субъект, ки шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд ва шумораашон дар фаъолияти истеҳсолӣ набояд зиёда аз 20 фои ҳисоби умумии кормандонро ташкил диҳанд;
- гирифтани раводид ва иҷозатнома барои кор дар мўҳлати қарордоди меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди МОИ;
- ба Маъмурияти МОИ ё мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дархостҳо барои мусоидат намудан ба гирифтани даъватнома (раводид) ва гирифтани иҷозатномаи кор пешниҳод намоянд ва ин мақомот бояд ба шаҳрвандони хориҷии кироякори субъекти МОИ иҷозатномаи кор ва истиқоматро диҳанд;
- Маъмурияти МОИ ба субъектҳо мувофиқи дархости онҳо, ки дар асоси бизнес-нақшаҳо пешниҳод карда мешавад, Иҷозатнома (Лицензия) барои шумораи муайяни мутахассисони даъватшаванда медиҳад;
- Маъмурияти МОИ ба мутахассисоне, ки аз хориҷа барои фаъолияти меҳнатӣ кардан ба МОИ даъват мешаванд, иҷозатнома барои кор ва ё корти корӣ медиҳад, ки он танҳо дар ҳудуди минтақа амал мекунад.
Кормандони хориҷии субъектҳои МОИ, ки раводид ва иҷозати кор гирифтаанд, дар шўъбаи раводид ва бақайдгирӣ дар мўҳлати эътибори раводидашон ба қайд гирифта мешванд.
Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳуқуқӣ аз аризадаиҳанда гирифтани тамоми маълумоти заруриро барои додани чунин иҷозатномаҳо, ки бояд беасос мавқуф гузошта нашавад, дорад.
Хизматрасиҳо барои додани иҷозатномаҳои кор ва истиқомат ба мутахассисони хориҷии субъектҳои МОИ ва аъзои оилаи онҳо аз рўи меъёрҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии ваколатдори дахлдор пулакӣ мешавад.
Дар ҳолатҳои зарурӣ барои баромадан аз ҳудуди минтақа роҳбарияти субъект ба мутахассиси хориҷӣ варақаи сафарӣ медиҳад, ки онро бояд Маъмурияти минтақа тасдиқ намояд. Чунин тарзи кор барои субъектҳои минтақа бисёр манфиатовар мебошад, чунки даъвати мутахассисон ва фаъолият намудани онҳоро дар ҳудуди минтақа хеле осон мегардад.
Субъектҳои МОИ бояд:
- қарордоди меҳнатиро барои ҳар корманди МОИ ҳангоми муроҷиат барои дарёфти раводиди доимӣ пешниҳод намоянд;
- гирифтани раводидро дар мўҳлати 72 соат пас аз ташрифи хизматчӣ таъмин намоянд;
- ҳамаи кормандон ва хизматчиёнро бо либоси махсус ва бехатарии техникии корҳоро таъмин намоянд;
- фавран ба Маъмурияти МОИ оид ба бедарак шудани ҳар як корманди худ хабар диҳанд;
- кормандони худро бо ҷойи истиқомат таъмин намоянд;
- кормандони худро ҳатман суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббӣ намоянд;
- барои зараре, ки ба саломатии кормандон ва хизматчиёни аз рўи шартнома коркунанда расонида шудааст, инчунин барои осеби меҳнатие, ки бо гуноҳи корфармо дар ҳудуди корхона ба кормандон расонида шудааст, ҷавобгарии моддиро ба зимма гиранд.
Тартиби гирифтани равдодид ба шаҳрванди хориҷие, ки барои кор дар МОИ ташриф меорад