- 16.01.2022
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: Без рубрики
Мақоми идоракунӣ дар ҳудуди МОИ «Панҷ» Маъмурияти МОИ «Панҷ» мебошад.
Дар ҳудуди МОИ «Панҷ» вазифаи идоракуниро Маъмурияти МОИ иҷро менамояд, ки онро роҳбар ба ўҳда дорад.
Маъмурияти МОИ мақоми идоракунандаи МОИ «Панҷ» буда, фаъолият ва рушди МОИ «Панҷ» ва ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои МОИ-ро дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои пешбинишуда таъмин менамояд.
Маъмурияти МОИ ҳамчун муассисаи давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта, дар асоси Низомномаи мазкур ва Оиннома, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тасдиқ мегардад, фаъолияти худро ба роҳ мемонад.
Мақоми МОИ «Панҷ» бо сарҳадоти он, заминаи қонунгузорӣ ва низомҳои махсуси ҳуқуқӣ, инчунин буҷети минтақа ва мақомоти идоракунии худӣ муайян мегардад.
Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти молиявию хоҷагидории МОИ «Панҷ» манъ аст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Дар ҳудуди МОИ «Панҷ» қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро ба танзим медарорад, амал мекунад.
Муносибатҳое, ки бевосита бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба танзим дароварда нашудаанд, тибқи меъёрҳои қонунгузорие, ки ба моҳияти онҳо зид нестанд ва муносибатҳои монандро танзим менамоянд, амалӣ мегарданд.
Ҳуқуқу ваколатҳои Маъмурияти МОИ «Панҷ» аз инҳо иборатанд:
- таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаи рушди МОИ «Панҷ», аз ҷумла нақшаи генералии минтақа;
- қабули санадҳо доир ба идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар МОИ «Панҷ»;
- таҳияи буҷети мустақили минтақа, тасдиқи он тибқи тартиби муқараргардида ва таъмини иҷрои он;
- таҳияи нақшаи ҷобаҷокунии субъектҳои МОИ дар сарҳади ҳудудии МОИ «Панҷ» бо назардошти таклифҳои онҳо, аз ҷумла хароҷоти молиявии ҳар як субъекти МОИ барои пешниҳоди минбаъдаи он ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- таҳияи харҷномаи хароҷотҳо оид ба ободонии сарҳади ҳудуди муайяншудаи МОИ «Панҷ»;
- таъмини ягонагӣ ва фаъолияти пурсамари МОИ «Панҷ»;
- таъмини рушди МОИ «Панҷ» бо роҳи ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ, воситаҳои молиявии ташкилотҳои ватанию хориҷӣ дар шакли қарзҳои имтиёзнок, қарз ва грантҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мақоми ваколатдори давлатии молиявӣ;
- ташкили маркази иттилоотию таҳлилии фаъолият ва рушди иқтисодии МОИ «Панҷ»;
- ҳимояи манфиатҳои субъектҳои МОИ «Панҷ»;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалб намудани сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ ва дигар намуди захираҳо;
- назорати риояи низоми ҳуқуқии МОИ «Панҷ», таҳияи тағйиру иловаҳо ба Низомномаи мазкур ва баррасии масъала тибқи тартиби муқараргардида;
- таъмини назорати давлатӣ ва назорати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ дар ҳудуди МОИ «Панҷ» бо мақсади иҷрои қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои рушди МОИ «Панҷ»;
- пешниҳоди замин барои иҷора ба субъектҳои МОИ, инчунин дигар иншооти МОИ «Панҷ»;
- ташкили маркази иттилоотӣ, бизнес-инкубаторҳо, анборҳо, биноҳои маъмурӣ, иншооти истеҳсолӣ ва дигар сохторҳои зарурӣ барои таъмини фаъолияти пурсамар ва рушди МОИ «Панҷ»;
- ҳамоҳангсозии корҳои ташкилотҳои илмӣ, лоиҳавӣ, саноатӣ, сохтмонӣ ва дигар муассисаҳои ватанӣ ва хориҷие, ки барои ташкил ва таъмини фаъолияти МОИ «Панҷ» ҷалб мешаванд;
- ба довталабон додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷойгиршавӣ ва нишонии ҳуқуқӣ дар МОИ «Панҷ»;
- танзими робитаҳои МОИ «Панҷ» бо бозори байналмилалӣ;
- баҳодиҳи ва қабули қарорҳо бо пешниҳоди сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, танзими робоитаҳои иқтисодии минтақаи озоди иқтисодӣ бо бозори байналмилалӣ;
- ташкили омўзиш, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои МОИ «Панҷ», иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташаккули кадрҳо, шуғл, сиёсати ҷавонон ва муҳоҷират дар минтақа;
- ташкили конфронсҳо, машваратҳо, семинарҳо ва ғайра;
- ба имзо расонидани шартномаҳо бо субъектҳои МОИ «Панҷ»;
- ташкил ва пешбурди дафтари бақайдгирии тасдиқномаҳо;
- додани тасдиқномаҳо ба субъектҳои МОИ «Панҷ»;
- баррасии бизнес – нақшаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории довталабон барои мақоми субъекти МОИ «Панҷ»;
- такмили шаклҳои идоракунии хоҷагии МОИ «Панҷ» ва амалигардонии идоракунии хоҷагӣ бо дарназардошти самаранокии иқтисодии истифодаи масоҳати заминҳои давлатӣ ва моликияти хусусӣ дар ҳудуди МОИ «Панҷ»;
- ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқи, филиалҳо ва намояндагони шахсони ҳуқуқи, соҳибкорони инфиродӣ, ки дар ҳудуди МОИ «Панҷ» таъсис ва ташкил меёбанд ва инчунин филиалҳо ва намояндагиҳои муассисаҳо ё ташкилотҳои хориҷии дар ҳудуди МОИ воқеъбуда, ки бақайдгирии онҳо тибқи қонунгузори дар доираи бақайдгирии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;
- бақайдгирии шартномаҳо дар бораи фаъолияти муштарак бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ;
- ҷори намудани қоидаҳое, ки фаъолияти соҳибкориро дар МОИ танзим мегардонанд ва ба қонунҳое, ки фаъолияти соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, хилоф нестанд;
- такмили шаклҳои идоракунии хоҷагии МОИ ва амалгардонии идоракунии хоҷагӣ бо дарназардошти самараноки иқтисодии истифодаи масоҳати заминҳои давлатӣ ва моликияти хусуси дар ҳудуди МОИ;
- таъмини азхудкунии маблағҳо дар лоиҳаҳое, ки моҳияти умумиминтақавӣ доранд;
- хизматрасонӣ барои гирифтан ва ба расмият даровардани раводиди даромад ва баромад, ки дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд;
- додани рухсатномаҳо барои даромадан ба ҳудуди МОИ «Панҷ»;
- ташкил ва назорати фаъолияти воҳидҳои ҳарбикунонидашудаи ҳифзи иншооти МОИ «Панҷ». Сохтор ва шумораи воҳидҳои дар боло зикршуда аз ҷониби Маъмурияти МОИ дар мувофиқа бо вазоратҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;
- баҳодиҳии самаранокии ташкил ва фаъолияти МОИ;
- ҳар семоҳа ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба МОИ пешниҳод намудани ҳисобот оид ба фаъолияти МОИ «Панҷ»;
- амалигардонии дигар ваколатҳое, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.
Қарорҳои Маъмурияти МОИ «Панҷ», ки дар доираи салоҳияти он қабул гардидаанд, барои субъектҳои МОИ «Панҷ» ҳатмӣ мебошад.