Хусусиятҳои андозбандӣ

Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, аз пардохти ҳамгуна андозҳо, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеъӣ озод карда мешаванд.

Андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии  минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.

Даромади бадастомадаи сармоягузорони хориҷӣ ва музди меҳнати кормандони хориҷӣ, ки бо асъори хориҷӣ пардохт шудааст, бидуни монеа метавонанд ба хориҷӣ кишвар интиқол дода мешаванд ва дар ин маврид онҳо аз андоз озод мебошанд.

Имтиёзҳои андозӣ танҳо ба он қисми фаъолияти субъектҳо, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ анҷом дода мешаванд, амал мекунанд. Андозбандии фаъолияти берун аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асосҳои умумӣ мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ андозсупоранда буда, баҳисобгирии фаъолияти молиявию хоҷагидориро мустаъқилона пеш мебаранд.

Таъмини қувваи барқ, обу канализатсия аз сарчашмаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди МОИ бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва дигар навъҳои андози дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда муқаррар карда мешавад.