Намудҳои фаъолияти афзалиятнок дар МОИ «Панҷ»

  • истеҳсоли ресмонҳои дӯзандагӣ, маҳсулоти трикотажӣ, матоъҳои сунъӣ ва синтетикӣ, матоъҳо ва маҳсулоти тайёр аз ресмони шоҳӣ ва пахтагин, матоъҳои тайёр ва маҳсулоти дӯзандагии пашмӣ, коркарди пӯсти чорвои майда ва калон бо истеҳсоли маҳсулоти тайёри чармин, пойафзол ва галантереяи чармин;
  • рангубор кардани матоъҳо ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр барои соҳаи дӯзандагӣ, истеҳсоли матоъҳои пардаворӣ ва рӯйкаш барои мебелсозӣ, истеҳсоли фурнитураи истифодаи гуногун;
  • истеҳсол ва коркарди нахи пахта;
  • истеҳсол ва коркард намудани машрубот аз сабзавоту меваҷот;
  • истеҳсоли сабзавоту меваҷоти консервативӣ;
  • истеҳсоли хӯроки чорводорӣ ва парандапарварӣ;
  • коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ;
  • истеҳсоли курсию мебел;
  • истеҳсоли рангҳои гуногуни сунъӣ ва синтетикӣ;
  • истеҳсоли крахмал, микроселюллоза, нитроселлюлоза;
  • мошинсозӣ  (васлкунӣ  ва  истеҳсоли автомобилҳо,  тракторҳо ва  техникаи гуногунтамѓа барои соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо, таҷҳизот ва техникаю технологияи соҳаи коркард, хизматрасонӣ ва ниёзи мардум, насосҳои обкаш ва дигарҳо);
  • истеҳсоли лӯлаҳои металлӣ ва ѓайриметаллӣ барои соҳаҳои гуногун;
  • истеҳсоли маҳсулоти электротехникӣ, радиоэлектронӣ ва техникаи соҳаи маишӣ;
  • истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва биоиловагиҳо барои соҳаи кишоварзӣ;
  • коркарди сангҳои кӯҳӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ;
  • истеҳсоли нахҳои шишагӣ, рухомӣ ва маҳсулоти тайёр аз онҳо;
  • истеҳсоли  масолеҳи  сохтмони  замонавӣ  (шиша,  дару тиреза, хиштҳо ва панелҳои гарминигоҳдорандаи стандарти байналмилалӣ, маҳсулоти ороишии пластикӣ;
  • истеҳсоли маҳсулоти гаҷӣ;
  • истеҳсоли симҳои электрикии гуногунтамѓа;
  • истеҳсоли маҳсулот аз коркарди партовҳои маишӣ (бе технологияи коркарди аввалия);
  • истеҳсоли маҳсулоти атторӣ ва маводҳои шустушӯйии кимиёвӣ;
  • истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ ва доруворӣ;
  • истеҳсоли таҷҳизоту лавозимот барои соҳаи тандурустӣ;
  • истеҳсоли таҷҳизот ва лавозимоти рӯшанидиҳанда;
  • коркарди ашёи хоми нафтӣ;
  • фаъолияти нархгузорӣ, қарздиҳӣ, суѓуртакунӣ, консалтингӣ, аудиторӣ, лизингӣ;
  • фаъолияти воридотӣ ва содиротӣ
  • фаъолият дар самти технологияи иттилоотӣ;
  • фаъолият дар самти тадқиқоти илмию техникӣ, фаъолияти инноватсионӣ,
  • рушди нанотехнология, биотехнология ва дигарҳо.
  • дигар  намудҳои фаъолият,  ки ба мақсадҳои таъсисёбии минтақаи озодӣ иқтисодӣ мувофиқ буда, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст.