Муаррифии МОИ “Панҷ” ба соҳибкорони аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ

23 июли соли равон Муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Хомӯшов И. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” як гурӯҳ соҳибкоронро аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ қабул намуда, онҳоро бо ҳудуди минтақа, корхонаҳои он,  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолият дар ҳудуди минтақа шинос намуд.