Ташрифи соҳибкор аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зоҳир Маҳмадзоҳир оиди ба ташкил намудани сехҳо оид ба истеҳсоли симҳои гуногунтамға ва истеҳсоли корхонаи макаронбарори дар МОИ “Панҷ”

   Дар  санаи 15.03.2022 сол, соҳибкор аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зоҳир Маҳмадзоҳир ба МОИ “Панҷ” ташриф оварданд. Дар ин вохури  сохибкори Афғон аз фаъолияти субъектҳои минтақа, Қонун  ва  Низомномаи   МОИ “Панҷ” ва инчунин бо вазъи  кунунии  минтақа шиносои пайдо намуданд.

   Соҳибкори Афғон  Зоҳир Маҳмадзоҳир ҳавасманди намуданд, ки дар ҳудуди минтақа, ташкил намудани сехҳо оид ба истеҳсоли симҳои гуногунтамға,  ки ба ҷумҳурии Афғонистон  нигаронида мешавад, ва инчунин корхонаи макаронбарориро хоҳад ба роҳ монд, ки ҳам ба дохили ҷумҳурӣ ва ҳам ба содирот нигаронида мешавад.

   Дар вақти суҳбат соҳибкори Афғон Зоҳир Маҳмадзоҳир қайд карда гузаштанд, ки Лоиҳаҳои сармоягузориашро омода намуда, баъди бозгашт аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар он ҷо корхонаи истеҳсоли дорад, ҳуҷҷатҳоро барои ба қайд гирифтан ба Маъмурияти МОИ пешниҳод менамояд.