Маросими тақдим намудани Шаҳодатномаи (Сертификати) субъекти МОИ “Панҷ” ба сармоягузори Ҷумҳурии Халқии Хитой Вей Денфэн

Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ” дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳуриро сармашқи кори худ намуда, баҳри ҳарчӣ бештар ҷалб намудани соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ барои фаъолият дар ҳудуди МОИ “Панҷ” тамоми чораҳо ва воситаҳоро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Аз моҳи майи соли ҷорӣ то инҷониб 6 субъект дар ҳудуди минтақа ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин аст. Қариб ҳамаи субъектҳои бақайдгирифташуда муассисонашон сармоягузорони хориҷӣ мебошад, ки тасмим гирифтаанд, дар ҳудуди минтақа корхонаҳои истеҳсолии молҳои саноатии гуногуни воридотивазшаванда бунёд намоянд.

Аз ҷумла, 11.10.2024 сол Роҳбари Маъмурият Каримзода Бузургмеҳр Карим ба сармоягузори Ҷумҳурии Халқии Хитой Вей Денфэн Шаҳодатномаи (Сертификати) субъекти МОИ “Панҷ”-ро тақдим намуд, ки сармоягузори мазкур муаасиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати технологии Панҷ Синъюэ” буда, тасмим гирифтааст дар ҳудуди минтақа корхонаи истеҳсоли таҷҳизотҳои равшанидиҳандаро сохта ба истифода диҳад.

Қабули субъектҳои нав дар минтақа идома дорад.