Вохурии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Каримзода Бузургмеҳр Карим сармоягузори Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҷанг Шенгл

22 июли соли 2024 дар дафтари шаҳрии Маъмурияти МОИ «Панҷ” Роҳбари Маъмурият Каримзода Бузургмеҳр Карим сармоягузори Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҷанг Шенглиро қабул намуд. Дар вохурии мазкур Роҳбари Маъмурият Каримзода Б. ба меҳмон аз минтақа маълумот дода, ӯро бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолият дар ҳудуди минтақа шинос намуд.

Ҷанг Шенли изҳор намуд, ки хоҳиш дорад дар ҳудуди минтақа корхонаи саноатии истеҳсолии сӯзишвориҳои гуногунро бунёд намояд.

Каримзода Б. изҳор намуд, ки Маъмурият тайёр аст бо сармоягузор ҳамкорӣ намояд ва ба ӯ ҳаматарафа ёрӣ расонида, дастгирӣ намояд.

23 июл бошад Ҷанг Шенли аз минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” дидан намуд.