Иштироки Роҳбари МОИ «Панҷ” дар 18 –ум Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Хатлон

12 июли соли 2024 Роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Каримзода Б.К. дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар кори ҷаласа инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои саноат, таъмини амнияти озуқаворӣ дар вилоят, рафти тайёрӣ ба форуми иқтисодии “Хатлон Инвест-2024” дида баромада шуда, дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас оид ба ин масъалаҳо гузошта шуд.

Дар рафти ҷаласа Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони идораҳои вилоятии агентии содирот, сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон, идораҳои масъули вилоятӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Дар охири ҷаласа Раиси вилоят давлаталӣ Саид баромад ва суханронӣ намуда, кори ҷаласаро ҷамъбаст намуда, барои иҷрои қарорҳои қабулшуда аз рӯи масъалаҳои дида баромадашуда супоришҳо ва тавсияҳои судманд доданд.