Вохӯрии Роҳбари МОИ “Панҷ” Каримзода Б.К. бо сармоягузори Ҷумҳурии Халқии Чин Ноиби раиси Ассосиатсияи соҳибкорони чинӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Ли Баоли

Санаи 24 июни соли 2024 сол Роҳбари МОИ “Панҷ” Каримзода Б.К. бо сармоягузори Ҷумҳурии Халқии Чин, Ноиби раиси Ассосиатсияи соҳибкорони чинӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Ли Баоли вохӯрӣ намуд.

Каримзода Б. меҳмонро бо шароитҳои минтақа шинос намуда, соҳибкорони чиниро барои ҳамкорӣ даъват намуд.
Ли Баоли изҳор намуд, ки тасмим гирифтааст дар ҳудуди МОИ “Панҷ” корхонаи истеҳсоли мотоскутерҳои боркашонӣ ва мусофиркашониро бунёд намояд. Тарафҳо ҳамк ориҳои ояндаи худро тарҳрезӣ намуданд.