Вохӯрии Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ” Каримзода Б. бо намояндагони ширкати хитоии “Eding PV Technology Co. Ltd” Менг Ёнфанг

24 июни соли 2024 Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ” Каримзода Б. бо супориши Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ муҳтарам Завқизода З.А. дар ҳудуди минтақа намояндагони ширкати хитоии “Eding PV Technology Co. Ltd” Менг Ёнфанг ва дигаронро қабул намуд.

 Дар вохурии мазкур Роҳбари минтақа меҳмононро бо ҳудуди минтақа ва инфрасохтори он шинос намуда, ба саволҳои онҳо оид ба фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ шинос намуд.

Ширкати “Eping PV Technology Co. Ltd” хоҳиши дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” бунёди зеристгоҳи барқии офтобиро ба нақша гирифта, дар айни ҳол ба Асосноккунии техникии он машғул мебошад. Дар навбати худ Роҳбари минтақа ба меҳмонон изҳор намуд, ки Ширкати мазкур дар бақайдгирии давлатӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ ёрии амалии худро мерасонад.