Вохӯрии Роҳбари Маъмурияти МОИ “ПАНҶ” Каримзода Бузургмеҳр бо гурӯҳи сармоягузорон аз вилояти Қашғари Ҷумҳурии Халқии Хитой

28 майи соли 2024 дар дафтари кори Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар шаҳри Душанбе Роҳбари Маъмурият Каримзода Бузургмеҳр бо гурӯҳи сармоягузорон аз вилояти Қашғари Ҷумҳурии Халқии Хитой вохурӣ намуд.

Роҳбари Маъмурият меҳмононро бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имкониятҳои фаъолият намудан дар МОИ «Панҷ», имтиёзҳои ба субъектҳо пешниҳодшаванда, самтҳои афзалиятноки фаъолият дар МОИ «Панҷ» шинос намуда, онҳоро барои шинос шудан бо шароитҳои корӣ дар ҳудуди минтақа даъват намуд.

Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки тарафҳо ҳамкориҳоро идома дода, барои фаъолият намудан дар ҳудуди МОИ «Панҷ» заминаҳоро тайёр менамоянд.