Вохӯрии Роҳбари Маъмурияти МОИ “ПАНҶ” Каримзода Бузургмеҳр бо гурӯҳи сармоягузорон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сардории Муҳаммад Ризо Сидқӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Халид Сиддиқӣ

28 майи соли 2024 дар дафтари кори Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар шаҳри Душанбе Роҳбари Маъмурият Каримзода Бузургмеҳр бо гурӯҳи сармоягузорон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сардории Муҳаммад Ризо Сидқӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Халид Сиддиқӣ вохурӣ намуд.

Дар вохурии мазкур имконияти ҳамкориҳои соҳибкорони эронӣ ва афғонӣ дар ҳудуди МОИ «Панҷ» дида баромада шуда, самтҳои фаъолияти соҳибкорони эронию афғонӣ муайян карда шуданд.

Қайд карда шуд, ки МОИ «Панҷ» барои чунин ҳамкориҳо имкониятҳои фаррох дошта, ҳамкориҳои соҳибкорон ба манфиати ҳам соҳибкорон ва ҳам халқҳои кишварҳои баробар буда  метавонад.