Вохӯрии роҳбарияти минтақа бо соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон

27 майи соли 2024 дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» вохӯрии роҳбарияти минтақа бо соҳибкорон ва сармоягузорон Муҳаммад Ризо Сидқӣ, ва ҳамроҳонашон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Роҳбари Маъмурияти минтақа Каримзода Бузургмеҳр меҳмононро бо минтақа ва корхонаҳои фаъолияткунандаи он шинос намуда, дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолият дар минтақа, шарту шароитҳои фаъолият дар минтақа, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолият дар минтақа ба меҳмонон ахборот дод.

Меҳмонон-соҳибкорони эронӣ аз роҳбарияти минтақа ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.