Вохӯрии Роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо Директори маркази соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Чин

Рӯзи 10 уми майи соли 2024 вохӯрии Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” Каримзода Бузургмеҳр бо Директори маркази соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Чин дар шаҳри Душанбе Ван Хайин ва соҳибкори ҳамин мамлакат Луо Руйюн, ки асосан фаъолияташ ба истеҳсоли таҷҳизотҳои барқӣ равона аст,  баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ҳамкории Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии халқии Чин дида баромада шуд. Каримзода Б. оид ба имкониятҳои МОИ “Панҷ” барои рушди соҳибкорӣ, имтиёзҳои ба субъектҳои МОИ пешниҳодшаванда ва самтҳои афзалиятноки соҳаҳои саноату тиҷорат дар МОИ ба намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой муфассал маълумот пешниҳод намуд.

Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки ҳамкориҳоро идома медиҳанд ва дар вақти муносиб аз минтақа дидан менамоянд. Дар вохӯрӣ Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Тайфaурзода Сафаралӣ низ иштирок дошт.