Вохурии роҳбарияти Маъмурият дар МОИ “Панҷ” бо намояндаи Ассотсиатсияи Чин оид ба пешбурди ҳамкориҳои байналмилалии илм ва технология ва соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар МОИ “Панҷ”

Дар санаи  4 марти соли 2024 Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо миёнаравии Ванг Хайян бо намояндаи Ассотсиатсияи Чин оид ба пешбурди ҳамкориҳои байналмилалии илм ва технология – Чу Йонфен ва соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин вохури гузаронида шуд.  Дар рафти вохури  меҳмонони  Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз кору фаъолияти субъектҳои МОИ дидан намуда бо роҳбарони як қатор субъектҳо суҳбатҳо гузарониданд.

Роҳбарияти Маъмурият меҳмононро ба маҷлисгоҳи МОИ даъват намуда оид ба  қонунгузорӣ, низомнома  ва  тарзи  фаъолият   дар МОИ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар рафти суҳбат аз тарафи намояндаи Ассотсиатсияи Чин оид ба пешбурди ҳамкориҳои байналмилалии илм ва технология – Чу Йонфен ва соҳибкорону сармоягузорони Чини изҳори ҳавасманди оиди ба истифода додани Сардхона бо ғунҷоиши 500 000 тонна ва корхонаи логистикӣ дар ҳаҷми 200 адад мошинҳои боркаш дар 150 га замин ба истифода хоҳан дод.

Дар охири суҳбат меҳмонон ваъда доданд, ки дар моҳҳои наздик хулосаҳои худро оиди барпо намудани корхонаҳои истеҳсолӣ Бизнес – нақшаҳои худро омода намуда барои субъект шудан пешниҳод  менамоянд.