- 26.12.2023
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: АХБОР
Дар санаи 26 декабри соли 2023 дар намоишгохи байналмилалии “Манеж” дар намоишгоҳи молу маҳсулотҳои ширкатҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуда, бо намояндагони якчанд ширкатҳо вохури ва суҳбатҳо гузаронида шуд, аз чумла:
Бо намояндаи корхонаи истехсоли техникаи маишии сардкунанда “EASTCOOL”, бо намояндаи корхонаи истехсоли тачхизотхои бахисобгири ва андозагирии баркии “Electronic Afzar Azma” ва бо намояндаи корхонаи истехсоли лулахои чуяни, базалти ва пластики, истехсоли поячарогхои ороиши ва пояхои баркии “Хамун Найзе”, вохуриҳо доир гардиданд.
Дар рафти суҳбат оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ” ва вазъи кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Аз тарафи роҳбарияти Маъмурият ба намояндагон ва соҳибкорони ширкатҳои Эрони пешниҳод карда шуд, ки истеҳсоли молу маҳсулотҳои ширкатҳои худро дар МОИ “Панҷ” ба роҳ монанд, ва аз тарафи намояндагони ин ширкатҳо хело нағз пазируфта шуд.
Роҳбарияти Маъмурияти МОИ ба намояндагон ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолиро бовар кунонд, ки дар вақти ба роҳ мондани маҳсулотҳои худ дар МОИ Маъмурият тамоми кушиши худро барои дарёфти харидорон, чи дар дохил ва дар хориҷӣ кишвар хамачониба ёрии амалии худро мерасонад.
Ин пешниҳод аз тарафи намояндаи яке аз ин корхона пазируфта шуд ва изҳор карда шуд, ки бо барасии ин масъала дар кишвари худ ва баровардани хулосаи тиҷорати бо мо дар тамос мешаванд. Айни барои ҳамкори намудан мактуб ирсол намудааст, ки дар бараси қарор дорад.