- 30.11.2022
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: АХБОР
Санаи 25 ноябри 2022 дар Будапешт нишасти 2-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид, ки роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва ҳайати Маҷористонро – ҳамраиси Комиссия, муовини Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва тиҷорат Адам Штифтер роҳбарӣ намуданд.
Зимни ҷаласа, ки дар кори он намояндагони муассисаҳои ҳукуматии ҳарду кишвар иштирок доштанд, масъалаҳои васеи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористон дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, хоҷагии деҳот, саноат, нақлиёт ва сохтмон, энергетика, маориф ва тандурустӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Аз натиҷаи нишаст Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расонида шуд.